Дуруд ба дустдорони шеър ба онхое, ки навои ишкро дар садои пои вожахо мечуянд, гулхои ишкро аз бустони мисрахо мебуянд. Ин чо мехохам намунае аз шеърхои Хамрохи Авлиёпурро ба шумо муаррифи кунам. У хафтае як ё ду бор ба назди ман меояд. Хамеша андешаманд аст. Дилаш саршори орзухо, хаёлаш рангин. Муи аз зери кулох намоёнаш шона нахурдаву риши расидааш гувохи рузгори парешонаш аст. Чое кор намекунад. Андухи зиндаги дар хонаи дилаш нишаста. Бо ин хама диле бедор ва чоне саршор аз ишку отифа дорад. Ба зиндаги бо чашми мушохидон менигарад… Ва ин чо намунае аз ашъори ин шоири азиз ба шумо пешниход мешавад.
ХАМРОХИ АВЛИЁПУР
ХОНАИ АЛАФ
Чехраи шаб тору зулмони.
Тунд мекубад тагарг.
Рох то хонаи алафхо дур.
Бодхурда шанхо.
Хуштаки мах намерасад бар гуш.
Ман дар ин сиёхи
Интизори кабутари субхам
Ки паёми нур дар лабаш дорад.
ДАР ЧУСТУЧУИ ЧОДА
Имшаб дар дил хавасе руид:
Ба сапедаи ангур бирасам.
Дар биёбон даст месоям,
То чодае кунам пайдо.
Ногах чизе хазид
Дар рах мондам.
ДАРАХТИ ОРОМИШ
Шахр хусбида дар махмали сиёхи шаб,
Ман
болинам аз санг.
Дил дар хаваси парвоз.
Ахтаре мегуяд:
То расидан бар авч
Гавхаре бояд чуст дар оби гандидаи торики
Ва аз он гавхар
Мевае бояд харид аз дарахти оромиш
Меваро дар боги замир бояд сабз намуд.
ВУСЪАТИ НЕШИ ХОР
Рузе хичрат хохам кард
Ман аз ин ободи,
Ки дар он вусъати неши хор намоён аст.
Ва пораи даридаи перохани Юсуф
Руи лонаи хуш пахн
Мурги хуш дар чустучуи даричае боз.