Чарог

      Танхо рохи галаба бар тарс рубару шудан бо он аст. Мо голибан ба тарафи хаводисе кашида мешавем, ки аз рубару шудан бо онхо вахшат дорем. Бинобарин агар аз танхои битарсед танхоиро барои худ ба армугон меоваред. Агар аз дастпочаги ва парешонхоли вохима дошта бошед хамонро тачриба хохед кард. Ин равиши зиндаги барои ташвики мо инсонхо ба рушд кардан аст.  (Онру Матюз)

Фалак ба мардуми нодон дихад зимоми мурод,

Ту ахли донишу фазли хамин гунохат бас.

                                                                         Хофиз

Ашкхои дигаронро мубаддал ба нигоххои пур аз шоди намудан бехтарини хушбахтихост. (Будо)

Агар мехохи хушбахт боши барои хушбахтии дигарон бикуш, зеро он шоди, ки мо ба дигарон медихем ба дили мо бармегардад. (Бетховен)

Фикри нав бисёр зариф ва хасос аст, бо як ришханди кучак мемирад ва кинояе кучак онро ба сахти мачрух мекунад. (Хербарт Испасер)

Худовандо,  наметавонем аз ту чизе бихохем, ки ту ниёзхои моро медони, пеш аз он, ки дар мо падидор шавад. (Чуброн Халил Чуброн)

Намози ишк тартибе надорад, чаро ки бо нахустин сар бар хок гузоридан, дигар бархостани нест. (Урди Бузург)

Зан хамеша синни худро аз торихи издивоч хисоб мекунад, на торихи таваллуд. (Архорд)

Одами шогирде аст, ки дард ва андух уро таълим медихад ва хеч кас бидуни эхсоси ин муаълим кодир ба шиносоии худ нест. (Алфред Думуса)

Хеч медони, фурсате, ки аз он бахра намегири, орзуи дигарон аст. (Чек Лондон)

Ответы

  1. Бароям ту Расули ишк ва зиндаги хасти,зиндагиам бе ту хеч аст,ва рузам бе дидани рухат маъние надорад.Дар дили ман ашке ва ниёзи сузандае набуд,хар чи буд зиндаги буду умед буд,шоди ва висол ва висол буд.Холо бошад бо кузае аз даруни чашмаи дилам чангале сероб мекунам,хеч оташдоне басони калби ман пурлахиб ва гудозанда нест.Шефтаи гаму андух гаштаам…Танхо ту маро аз ин зиндони гам рахо карда метавони.Чун,ки ишки ту ба ташна об менушонад ба дарё орамиш мебахшад ва саранчом ба дили дардманде шароби зиндаги мерезад.Аммо ман хеч чизро намефахмидам чаро ту маро намехохи,Чаро ту аз ман гурезон хасти …Намедонам шояд гумон мекуни,ки ман хар,киро бинам диламро ба у хадя месозам,ба хар кассе,ки сухан кунам дусташ медорам!Вале на…Хато мекуни чун,ки ман хам инсонам ва ишки пок дорам.Касеро,ки ман дуст медоштам,харкиро дустат медорам гуфта будам гузашта рафт,зеро вай ишки чавони буд.Ва ин ишки чавони мисли боди бахорон аст,ки мевазаду меравад,мисли дарахт месабзаду хазон мешавад.Ман ишки чавониро паси сар кардам ва акнун ду сол мешавад,дар имтихони ишки пок карор дорам.Акнун фахмидам,ки ишк чист!хикмати ранч бурдан ва чудоги чист!Дустдори ва дур будан аз нигор чист!Холо бошад ту бароям арзандаи ва тамоми хастиат дар вучудам накш бастааст,он кадар дустат медорам,ки танхо ман медонаму он,ки офаридааст маро!!!

    Дар ишкат мачнунвор кашидам гаромате,
    Маро намонда муй сиёх на рост комате.
    Он Забури ишки ту маро зи акл бегона кардааст,
    Дигар дар гуши ман на бонги намоз асту на комате.

  2. Ин аввалин лугати калби ман аст,ки аз сузи ишки ту иншо мекунам.Ин аввалин сузу созест аз калбе,ки дар гамхонаи ишки ту по ба занчир шуда аст,руи когаз омад.Хар рузу шаб ,хар лахзаву хар дакика,шуълаи ишкат ин дилро девона месозад.Мехохад ба даст калам гираму часаду чони туро васф кунам.Донистам дар сахифаи авали лугати калбам ту будай.Туро дуст медорам ай чонам,вале афсус ,афсус, ки ишкам бе чавоб монд !!!

    Эй булбули хуш овоз дар ин сахни чаман,
    Гах нолаи ту хуш асту гах нолаи ман.
    Ту нола зи гул дорию ман нола зи ёр,
    На гул ба ту вафо карду на ёр ба ман
    Нуралиев Садриддинчон !


Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.