Автор: voristj | 11.03.2011
Бахор
Дуруд ба азизоне, ки хангоми узлати ин камтарин ба блоги ин чониб сар заданд ва ба холигии он тахаммул карданд. Ба хамаи шумо Наврузро табрик мегуям ва ин огози сабзу муаттарро бароятон бехин хадяи илохи медонам. Бар расми армугон бароятон шеъре овардам бо умеди тавфик ва дуо.
Чашма мижгон бардошт
Ба тамошо биншаст.
Оби чу чилваи имон овард.
Вахми сабзе ба намози сахари зохир шуд
Боги мо ранг овард
Боги мо тохир шуд.
Руи як ханда диле овардам
Як садо имоне.
Чени як буса вафо мехохам
Ту, агар хохи, бахш.
Руи як ханда бахоре дорам
Чени як бог висол
Ва ба саршории як чашма пурам
Ба намози сари сол.
Like this:
Будьте первым, кому понравился этот .
Опубликовано в Uncategorized