Автор: voristj | 12.03.2011

Наврузи хуб ё…

(Барои андеша)   

Салом! Навруз меояд. Дунё сабзу муаттар мешавад. Худованд бо рахмати худ табиатро аз нав эхё мекунад. Наврузро фоли нек мегуянд. Нек-хуб, зебо, хайр. Худои мо, ки Худои зебоихост, Худои хубихост, Худои хайру баракат аст моро хамасола бо ин эхёи хуби табиат саршор мекунад. Мо зебоиро , хубиро, хайру баракатро мебинему эхсос мекунем. Худованд моро зотан барои хуб будан, барои зебо будан, дар хайр зистан офаридааст. Агар бадие аз мо сар зад аксуламалашро мебинем. Чаро ки мо бо бади созгор нестем. Вале ачиб он аст, ки Наврузи нек, Наврузи хуб, Наврузи зеборо бо амале мехохем бад кунем ва ачибтар он аст, ки ин бадро мехохем суннати нек чилва дихем. Руи сухан дар бораи бузкашист.

    Бо фаро расидани Наврузи хуб дар тамоми чумхури маросими бузкаши баргузор мегардад. Бузхои бечораро сар мезананд ва лошаашро саворони аспхои чавмаст ба кашокаш меандозанд. Лошаи бузи бечораро он кадар мекашанд, ки ягон чои ободаш намемонад. Издихоми мардум ба тамошо меоянд, карсак мезананд, пой мекубанд, ба вачд меоянд, шодди мекунанд. Дар миёни онхо олим, шоир, мансабдор, мулло, эшон…гохе тамошогару гохе човандозанд. Онхо аз ин вахшигари, зишти, бади он кадар махмур, маст ва рохат мекунанд, ки ба тасавур намегунчад.

    Одам – ашрафи махлукот, халифаи Худо аз мулокот, хайр ва хубии Офаридгор мегурезад ва бо шайтон меомезад. Аз азоб ва ситам бар лошаи як хайвони бегунох вахшиёна лаззат мебарад. Барои ин кори нангин сармояи зиёде масраф мекунад, то бадиро ба тамошо гузорад. Шояд дар тафаккури одами асри бистуяк намегунчад, ки дар кураи замин, дар Осиёи Маркази, дар Точикистон чунин хуи дарандаги, маслукбози вучуд дорад. Аммо онхое хам, ки ин бадро мешиносанд мухри хомуши бар лаб доранд. Чаро ки лаб кушодан хатар дорад.

    Баъзан чунин ба назар мерасад, ки тафаккури точик хамеша осебпазир будааст. Бо бади зуд созиш мекунад. Бадиро мепазирад. Ба тахмилгарони бади, ки ишкро, маърифатро аз магзаш мезудоянд сари таъзим фуруд меорад…

    Наврузи нек, хуб, зебо…меояд. Хуш ба холи онон, ки аз хуби бахра мебардоранд, ба хуби меандешанд ва зиндагиашонро ба сахнаи бузкаши табдил намедиханд…


Ответы

  1. Бехтарин; Имруз лаб кушодан дар мавриди ин маслукбозие, ки Шумо гуфтед вокеан хатар дорад. Хатар аз чониби ки? Аз чониби насли шуравие, ки хатто дар асри 21 намехохад лачоми давлатдориро ба каси дигар дихад. Ин вахшигари хатто дар сатхи болои доир мегардад.

  2. НАВРУЗИ ХУЧАСТА БА ХАМИ ТОЧИКОН МУБОРАК БОШАД.
    БАЛЕ БИСЁР ДУРУСТУ БОМАВРИД КАЙД КАРДЕД УСТОД, КИ БУЗКАШИ ДАР ИДИ НАВРУЗ КИ БОЯД ХАМА МИСЛИ ГУЛУ БАХОР ЗЕБО БОШАНД ЧОЯШ НЕСТ ВА ХОСА ИН ЯК ДИХУШИ МЕБАНИЁНАЕ ХАСТ, КИ БОЯД АЗ БАЙН БАРДОШТА ШАВАД.

  3. Наврузи хамаатон муборак хамватанон. Он чи муалиф гуфтаанд дуруст аст.


Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Рубрики

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.