Автор: voristj | 16.03.2011

ДИЛ

     Салом!

     Дил бехтарин хамсухбати ман аст. Бори гам, дард, шодиву нишоти маро самимона мепазирад. Ишки ман, мехри ман, садои маро дар худ нихон дорад. Дар хонаи дили ман чевоне пур аз китоб аст. Хамаи онхо аз зиндагии ман кисса мекунанд. Яке китоби ИШК, дигаре китоби ДАРД, савуми китоби ИМОН, чоруми китоби САОДАТ, панљум китоби ГУНОХ, шашум китоби САВОБ… Чилди китоби ИШК сабз аст, ранги китоби ДАРД зард, китоби ИМОН бошад бо ранги сурхи рушан медурахшад, вале чо-чо хатхои шикастаи сиёхранг дорад. Китоби САОДАТ ранги осмони дошта бо догхои зулоли катрахои борон омехта ба назар мерасад. Аз китобхои ГУНОХУ САВОБ чизе намегуям.

      Дар поёни боги дилам даште хаст. Дар миёни дашт санге ва аз канори он чашмае чорист. Он чо гурге хона дорад. Садои зузааш хамеша дар гушхоям акс меандозад.

     Дар шохи санавбари боги дилам кабутаре лона дорад. Вакте пар мекашад чашмонам аз тамошояш сер намешавад.

     Аммо имруз хавои дилам абрист. Борон меборад. Гург зуза мекашад. Кабутар дар лонаи ру ба худояш орамидааст. Дар китобхона чуз худам касе нест. Хавсалаи китобхони надорам. Дилам дар худам намегунчад, худам дар дунё. Дар тангное афтодаам. Буѓзе дар гулуям нишастааст. Аз кадом гушаи хотираам ин байти Бедил пайдо мешавад:

Нола то нафас дуздид ман ба сурма хобидам,

Кард шамъи ин махфил догам аз чудоихо.

    

     Ба худам меандешам, ба одамон, ба зиндаги. Бемехри, дуруг, фиреб, бепарвои, бетарахуми… мисли губоре хавои андешаамро фаро мегирад. Буѓз дар гулуям мешиканад ва аз шохсори магзам ин газал ба сурогам меояд:

Ин абрхои сухта борон намешавад,

Хар шом гамгусори гарибон намешавад.

Ин боѓсори кист, ки урён гаштааст,

Боди хазон атри гиребон намешавад.

Оина аз дуруѓ чи зангор бастааст,

Хуршеди пушти парда намоён намешавад.

Ин хокро бубези агар рузу моху сол,

Хосил, ки горат аст фаровон намешавад.

Мардум чу хезум асту оташ гирифтааст,

 Иброхиме кучост, ки дар он намешавад.

Ишк аст боги мехр в-агар нест богбон,

Ин богро ки гуфт биёбон намешавад.


Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Рубрики

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.