Автор: voristj | 25.03.2011

НАВРУЗИ ДИГАР

      Ман дар масири дидор бо Навруз ва тамошои он худро дар пои хоре шикастам. Ба дилам гуфтам, дар пои хор бирез ва онро сабз кун. Садои Худоро шунидам, ки мегуфт: «Иннал инсона лафи хусрин».  Дар ин вожањо ќомати таманнои сабрро  гиристам ва гулвожаи ташаккурро дар гулистони ИШК буидам.

          Дар миёни анбухи мардум танхо будан сангин аст. Аммо ин издихом бо Навруз шоди мекунад. Гамашро, дардашро ба Навруз намегуяд. Дигар чї њам кунад, осмон баланду замин сахт.

       Дар мурдоби дуруг,  риё, макру найранг гаркем. Ишк алайхиссаломро кайхост, ки фаромуш кардаем. ОДАТ моро мекушад. Барк хам надорем. Факат чароги Худо бедарег аз шох то гадо нур мепошад. Ба хама баробар, одилонаю мехрубонона.

     Бегонаги девонаги мекунад. Мо натанхо ба хамдигар, балки ба худамон бегона мешавем. Оташи шубха, хусумат ва нафрат бунёдамонро месузад. Дар шахри танг, дехи танг, кишвари танг  вакти рох рафтан  китфхо бо хам мечанганд. На танхо сархо, хатто китфхо акнун табака доранд. Мо хам табакабанди шудем. Табакаи ноф, табакаи ишкам, табакаи сина, табакаи гардан…

     Фикрамон хам ба табака банд аст. Мо акнун каллаи бисёр дорем, аниктараш моро табакабанди ба калабандї овардааст. Калаи ноф ба таври худ фикр мекунаду калаи ишкам ба таври худ. Калаи сина аз тарси он, ки мабодо калаи гардан ба боляш наафтад хамеша мисли барги сафедор меларзад.

     Чи гуна аз ин мурдоб рањо шавем? Чи гуна худро аз зиндони табаќахову калахо берун андозем. Дар он берун чи гап бошад? Шояд ба Худо нома нависем? Шояд, вале он номаеро, ки Худо ба мо фиристода буд, оё хондаем?

      Шере аз маргзоре гузар мекард. Он чо рамаи гусфандон мечариданд. Чашмаш ба шербачае афтод, ки хамрохи баррахо мебозаду метозад. Хайрон шуду наърае кашид. Гусфандон аз тарс рохи гурезро пеш гирифтанд. Он шербача хам ларзону харосон ру ба гурез ниход.  Шери муттахайир бо тамоми неру давида он шербачаро дошт. Вакте насабашро пурсид, гуфт баррае хастам, аз авлоди гусфандон. Шери ба газабомада фарёд зад: – На, ту бачаи шери. Баъд ба назди чашмае бурда дар оинаи он чехраашро нишон дод.  Шербача чун симои худро дар об дид, ба хайячон омад ва наърае зада  аз шинохти худ дарак дод.

Шояд мо хам ба назди чашмаи ИШК алайхиссалом равем, дар он шустушу кунем, табаќахову калахоро бишканем ва бигуем: «Иннал инсона лафи хусрин».


Добавить комментарий

Fill in your details below or click an icon to log in:

Логотип WordPress.com

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Изменить )

Фотография Twitter

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Изменить )

Фотография Facebook

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Изменить )

Connecting to %s

Рубрики

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.