Автор: voristj | 08.04.2011
Як газал
Дар дили ман гиря дорад хуни ман,
Суи Лайло меравад, Мачнуни ман.
Дар масири дашти андуху бало,
Чашмахо меруяд аз мазмуни ман.
Дар тани шамъе, ки месузад маро,
Захмхое монда аз нохуни ман.
Эй, ки мепурси нишони хонаам,
Як назар андоз бар хомуни ман.
Чомае афсурдаву чисме хароб,
Пок мешуяд маро собуни ман.
Like this:
Будьте первым, кому понравился этот .
Опубликовано в Uncategorized
устод, чашм нарасад вактхои охир илхоматон дар чуш. То абад чунин бодо!
равшан на 25.04.2011
в 11:05 дп