Автор: voristj | 22.07.2011
ХУШДОР
Вакте бод хамсадои шаголон аст
Дар ин води хукумати кахтист.
Вакте борон ояти шукуфтан нест
Дар ин води шахомати сахтист.
Вакте кух умре качпахлуст
Дар пахлуш бахти мо хоб аст.
Рудхои зулол гаркоб аст
Гардиши зиндагони гирдоб аст.
Вакте ишк дидаи кур аст
По нигах дор он тараф гур аст.
Бенамак нест файзи дастархон
Оби чашми мардумон шур аст.
Рохи мо гар то ба он кух аст
Чашми мо шишахои андух аст.
Вакте мард пушти бедард аст
Химати кух баробари гард аст.
Мард кай марду кух кай кух аст
Кух чун коху мард номард аст.
Ин хакикат, ки мешавад такоро
Во ачаб, кас намешавад бедор.
Вакте дашт хуни лола руёнад,
Барад он лолахову гуронад.
Абрхо гашта чодари мотам,
Богро аз кафан наруёнад.
Мешавад миллате кафан бар душ,
Меравад миллате Ватан бар душ…
Like this:
Будьте первым, кому понравился этот .
Опубликовано в Uncategorized
Устод Ворис, салом. Бехтарин шеър, ки рузхои охир хондам. Танхо як тасвиру ташбехи “Вакте бод хамсадои шаголон аст” “Вакте дашт хуни лола руёнад”, “Абрхо гашта чодари мотам” ва гайрахо, ки ин шеър саршор аз онхост, нишони шоири хуб буданатон аст. Ташаккур, дустам.
ravshanimakhsumzod на 02.08.2011
в 12:43 пп