Автор: voristj | 23.08.2011
ХИЧРАТ
Соате туфонист
Зиндаги киштии осоиш нест.
Мохиёни талаб аз манзили амн
Ру ба дарёи тафохум рафтанд.
Соате туфонист,
Киштии Нухи дигар нопайдо
Сар ба гавгои киёмат мардум
Талаби отифа берун рафтанд.
Ошноён хама бегонасифат
Хушёрон хама девонасифат
Сар бароварда зи амвочи ситам
Хори ин машгала дилхун рафтанд.
Соате туфонист,
Кул хуваллоху ахад, эй мардум,
Хама ачдоди шумо чун Мансур
Бо дилу дидаи мафтун рафтанд.
Ман ба гирдоби нахангам, Ё ХУ,
Ку наханге, ки маро хона барад?!
Ё нахангон зи дами сели бало
Сар бароварда зи Чайхун рафтанд.
Like this:
Будьте первым, кому понравился этот .
Опубликовано в Uncategorized