Автор: voristj | 21.02.2012
САЛОМ РУШНОСТ
Ба худам сим зада пурсидам:
Дар ин дунёи найрангу фиреб
Ва ашку хун
Дар хонахои зиндонии охану бетон,
Ки мардумро чун хишт болои хам чидаанд
Ва мурѓи ишќро дар ќафасе санги гўрондаанд
Ва мавчи издихоми мухаббатро
Аз кўчахо рондаанд
Саломро аз кучо чустучў кунам?
Аз он сў посухе омад:
Хамин дирўз дар майдони бозори танфурўшон
Ки холо хиёбони берангу бўст
Мурѓхоеро бо ќафас оварданд
Дар он миён кабўтари хушбовари Салом
Пайѓоми ошноиро дуо мекард
Аммо
Забони сурхашро аз халќаш кашида буриданд.
Болу парашро канданд
Пайкарашро ба дор овехта, оташ заданд
Ва хокистарашро ба Сурхоб рехтанд
Вале он кабўтари ошиќ
Ќуќнусвор аз обу хокистар руста
Дар дили Роѓун бол мекашаду мечархад,
Ханўз умед хаст
Рўзе бо барќи чашмонаш ба хонаи мардум мерезад
Ва пайѓом медихад:
Салом рўшноист!
Like this:
Будьте первым, кому понравился этот запись.
Опубликовано в Uncategorized