Автор: voristj | 11.06.2013

УМЕД

Толори интизор

Издихоми мусофир

Буи бади бадан,

                     сигор, нос

Дашному фахш,

                      риёву дуруг.

 

Бозори гап,

Савдои ноумедии мардум

Ба як чуръа бовари дуруг.

Имон ба истгохи бегона,

Ба афсару постгохи бегона

Ба хонаву дастгохи бегона…

 

Хушбовар аст, ин мардум!

Умед охирин чароги уст

Дар ин толор, ки барк надорад.

Аммо

Ситорае дар пушти абрхо

Дар кахкашони мо

Барк мезанад

Чун чашми ошикони толори интизор.

 

Оре

Ин чо

Истгохи охирини дунё нест,

Вале

Бо чи каторе

Ва ё тайёрае

Биравем,

То истгохи дигар?!

Реклама
Автор: voristj | 04.06.2013

СОЯ

Дар сояи ачал

Марг нест!

Чаро ки

Решаро дар хок,

Мугчаро дар хун,

Баргро дар оташ,

Кучаро дар гурбат…

Ишк имтихон дорад.

Дар сояи ачал

Гург,

Чох,

Юсуф,

Корвон,

Зулайхо…

Ранги аргувон дорад.

Аммо

Ин чо

Аз сояи ачал

Парастухо куч бастаанд

Ва дар реша,

Мугча,

Барг,

Куча…

Зиндаги фигон дорад.

Автор: voristj | 21.02.2012

САЛОМ РУШНОСТ

Ба худам сим зада пурсидам:

Дар ин дунёи найрангу фиреб

Ва ашку хун

Дар хонахои зиндонии охану бетон,

Ки мардумро чун хишт болои хам чидаанд

Ва мурѓи ишќро дар ќафасе санги гўрондаанд

Ва мавчи издихоми мухаббатро

Аз кўчахо рондаанд

Саломро аз кучо чустучў кунам?

 

Аз он сў посухе омад:

Хамин дирўз дар майдони бозори танфурўшон

Ки холо хиёбони берангу бўст

Мурѓхоеро бо ќафас оварданд

Дар он миён кабўтари хушбовари Салом

Пайѓоми ошноиро дуо мекард

Аммо

Забони сурхашро аз халќаш кашида буриданд.

Болу парашро канданд

Пайкарашро ба дор овехта, оташ заданд

Ва хокистарашро ба Сурхоб рехтанд

Вале он кабўтари ошиќ

Ќуќнусвор аз обу хокистар руста

Дар дили Роѓун бол мекашаду мечархад,

Ханўз умед хаст

Рўзе бо барќи чашмонаш ба хонаи мардум мерезад

Ва пайѓом медихад:

Салом рўшноист!

Автор: voristj | 07.02.2012

ТУРБАТИ МУАТТАР

Аз хамаи азизоне, ки дар ин чанд муддат ба блоги банда сар заданд ва дар он харфи наве наёфтанд, узр мехохам, чаро ки масруфияти зиёд доштаму дасти норасо. Холо бо як газалгунае дар хидмататон хастам. Худо ёр!

 

Аз ман мапурс, аз мани танхо дигар мапурс,

Аз мочарои ин дили шайдо дигар мапурс.

 

Сурх аст ранги домани сахрои Карбалло,

Аз ашку хуни домани дунё дигар мапурс.

 

Хар гул хикоятест зи лабханди ошикон,

Аз лолахои домани сахро дигар мапурс.

 

Борони гиряхои фалак бар мазори кист,

Аз турбати муаттари гулхо дигар мапурс.

 

Нурест дар азони дили паргирифтаам,

З-он нур кун хулосаву холо дигар мапурс.

 

Аз ман мапурс, аз мани танхо дигар мапурс,

Аз мочарои ошики Лайло дигар мапурс.

Автор: voristj | 23.08.2011

ТАШРИФ

 

 

 

 

 

 

 

 

Он шаб

Хадиси ишк ба лаб

Хаворо бо атри нафас пур кард.

Завраки таронаро ба мавчи садо андохт.

Пасон бичархиду бираксид

Ва пардаи харири зулматро

                         ба нури бода барафрухт.

 

Он шаб шаби мо буд

Бе фикр,

Бе хиёл

Тарона мехондем, мераксидем.

Гуи муъчизае рух дод

Пайгоми бедарди ливо афрошт.

 

Аммо

Сапедадам

Суфраи холии Зулайхо ёдам омад

Яъне

Боз гам,

        гам,

        гам омад.

 

Дигар бор

Зулайхои хасрат

Бармехезад

Ва дар зулмати танхои

Нури бода меборад.

Автор: voristj | 23.08.2011

ХИЧРАТ

Соате туфонист

Зиндаги киштии осоиш нест.

Мохиёни талаб аз манзили амн

Ру ба дарёи тафохум рафтанд.

 

Соате туфонист,

Киштии Нухи дигар нопайдо

Сар ба гавгои киёмат мардум

Талаби отифа берун рафтанд.

 

Ошноён хама бегонасифат

Хушёрон хама девонасифат

Сар бароварда зи амвочи ситам

Хори ин машгала дилхун рафтанд.

 

Соате туфонист,

Кул хуваллоху ахад, эй мардум,

Хама ачдоди шумо чун Мансур

Бо дилу дидаи мафтун рафтанд.

 

Ман ба гирдоби нахангам, Ё ХУ,

Ку наханге, ки маро хона барад?!

Ё нахангон зи дами сели бало

Сар бароварда зи Чайхун рафтанд.

Автор: voristj | 22.07.2011

ХУШДОР

Вакте бод хамсадои шаголон аст

Дар ин води хукумати кахтист.

Вакте борон ояти шукуфтан нест

Дар ин води шахомати сахтист.

 

Вакте кух умре качпахлуст

Дар пахлуш бахти мо хоб аст.

Рудхои зулол гаркоб аст

Гардиши зиндагони гирдоб аст.

 

Вакте ишк дидаи кур аст

По нигах дор он тараф гур аст.

Бенамак нест файзи дастархон

Оби чашми мардумон шур аст.

Рохи мо гар то ба он кух аст

Чашми мо шишахои андух аст.

 

Вакте мард пушти бедард аст

Химати кух баробари гард аст.

Мард кай марду кух кай кух аст

Кух чун коху мард номард аст.

Ин хакикат, ки мешавад такоро

Во ачаб, кас намешавад бедор.

 

Вакте дашт хуни лола руёнад,

Барад он лолахову гуронад.

Абрхо гашта чодари мотам,

Богро аз кафан наруёнад.

Мешавад миллате кафан бар душ,

Меравад миллате Ватан бар душ…

Автор: voristj | 21.04.2011

Осон нест

 

Ин Ватан, ки хамон Хуросон нест.

 

Зистан барои точик осон нест,

 

 

Кардаанд чун варо табартаќсим,

Таќсиме, ки нишони эхсон нест.

 

Пора-пора бурида шуд ин дил,

Во ачаб, холи хеш пурсон нест.

 

Рафта бар хоби маст ин мардум,

Хоби сахте, вале харосон нест.

 

Мўкиёнхо ба чилва дар хар сў,

Бонги ишќ аст, аз хурўсон нест.

 

Зиндаги ранг-ранг менозад,

Нози точик, валекин осон нест…

Автор: voristj | 08.04.2011

Як газал

Дар дили ман гиря дорад хуни ман,

Суи Лайло меравад, Мачнуни ман.

 

Дар масири дашти андуху бало,

Чашмахо меруяд аз мазмуни ман.

 

Дар тани шамъе, ки месузад маро,

Захмхое монда аз нохуни ман.

 

Эй, ки мепурси нишони хонаам,

Як назар андоз бар хомуни ман.

 

Чомае афсурдаву чисме хароб,

Пок мешуяд маро собуни ман.

Автор: voristj | 25.03.2011

НАВРУЗИ ДИГАР

      Ман дар масири дидор бо Навруз ва тамошои он худро дар пои хоре шикастам. Ба дилам гуфтам, дар пои хор бирез ва онро сабз кун. Садои Худоро шунидам, ки мегуфт: «Иннал инсона лафи хусрин».  Дар ин вожањо ќомати таманнои сабрро  гиристам ва гулвожаи ташаккурро дар гулистони ИШК буидам.

          Дар миёни анбухи мардум танхо будан сангин аст. Аммо ин издихом бо Навруз шоди мекунад. Гамашро, дардашро ба Навруз намегуяд. Дигар чї њам кунад, осмон баланду замин сахт.

       Дар мурдоби дуруг,  риё, макру найранг гаркем. Ишк алайхиссаломро кайхост, ки фаромуш кардаем. ОДАТ моро мекушад. Барк хам надорем. Факат чароги Худо бедарег аз шох то гадо нур мепошад. Ба хама баробар, одилонаю мехрубонона. Читать далее…

Older Posts »

Рубрики