Автор: voristj | 11.06.2013

УМЕД

Толори интизор

Издихоми мусофир

Буи бади бадан,

                     сигор, нос

Дашному фахш,

                      риёву дуруг.

 

Бозори гап,

Савдои ноумедии мардум

Ба як чуръа бовари дуруг.

Имон ба истгохи бегона,

Ба афсару постгохи бегона

Ба хонаву дастгохи бегона…

 

Хушбовар аст, ин мардум!

Умед охирин чароги уст

Дар ин толор, ки барк надорад.

Аммо

Ситорае дар пушти абрхо

Дар кахкашони мо

Барк мезанад

Чун чашми ошикони толори интизор.

 

Оре

Ин чо

Истгохи охирини дунё нест,

Вале

Бо чи каторе

Ва ё тайёрае

Биравем,

То истгохи дигар?!


Ответы

  1. душному фуҳш…

  2. Имон ба истгохи бегона,.. Хеле оли!!!!


Оставьте комментарий

Рубрики