Автор: voristj | 23.08.2011

ТАШРИФ

 

 

 

 

 

 

 

 

Он шаб

Хадиси ишк ба лаб

Хаворо бо атри нафас пур кард.

Завраки таронаро ба мавчи садо андохт.

Пасон бичархиду бираксид

Ва пардаи харири зулматро

                         ба нури бода барафрухт.

 

Он шаб шаби мо буд

Бе фикр,

Бе хиёл

Тарона мехондем, мераксидем.

Гуи муъчизае рух дод

Пайгоми бедарди ливо афрошт.

 

Аммо

Сапедадам

Суфраи холии Зулайхо ёдам омад

Яъне

Боз гам,

        гам,

        гам омад.

 

Дигар бор

Зулайхои хасрат

Бармехезад

Ва дар зулмати танхои

Нури бода меборад.

Автор: voristj | 23.08.2011

ХИЧРАТ

Соате туфонист

Зиндаги киштии осоиш нест.

Мохиёни талаб аз манзили амн

Ру ба дарёи тафохум рафтанд.

 

Соате туфонист,

Киштии Нухи дигар нопайдо

Сар ба гавгои киёмат мардум

Талаби отифа берун рафтанд.

 

Ошноён хама бегонасифат

Хушёрон хама девонасифат

Сар бароварда зи амвочи ситам

Хори ин машгала дилхун рафтанд.

 

Соате туфонист,

Кул хуваллоху ахад, эй мардум,

Хама ачдоди шумо чун Мансур

Бо дилу дидаи мафтун рафтанд.

 

Ман ба гирдоби нахангам, Ё ХУ,

Ку наханге, ки маро хона барад?!

Ё нахангон зи дами сели бало

Сар бароварда зи Чайхун рафтанд.

Автор: voristj | 22.07.2011

ХУШДОР

Вакте бод хамсадои шаголон аст

Дар ин води хукумати кахтист.

Вакте борон ояти шукуфтан нест

Дар ин води шахомати сахтист.

 

Вакте кух умре качпахлуст

Дар пахлуш бахти мо хоб аст.

Рудхои зулол гаркоб аст

Гардиши зиндагони гирдоб аст.

 

Вакте ишк дидаи кур аст

По нигах дор он тараф гур аст.

Бенамак нест файзи дастархон

Оби чашми мардумон шур аст.

Рохи мо гар то ба он кух аст

Чашми мо шишахои андух аст.

 

Вакте мард пушти бедард аст

Химати кух баробари гард аст.

Мард кай марду кух кай кух аст

Кух чун коху мард номард аст.

Ин хакикат, ки мешавад такоро

Во ачаб, кас намешавад бедор.

 

Вакте дашт хуни лола руёнад,

Барад он лолахову гуронад.

Абрхо гашта чодари мотам,

Богро аз кафан наруёнад.

Мешавад миллате кафан бар душ,

Меравад миллате Ватан бар душ…

Автор: voristj | 21.04.2011

Осон нест

 

Ин Ватан, ки хамон Хуросон нест.

 

Зистан барои точик осон нест,

 

 

Кардаанд чун варо табартаќсим,

Таќсиме, ки нишони эхсон нест.

 

Пора-пора бурида шуд ин дил,

Во ачаб, холи хеш пурсон нест.

 

Рафта бар хоби маст ин мардум,

Хоби сахте, вале харосон нест.

 

Мўкиёнхо ба чилва дар хар сў,

Бонги ишќ аст, аз хурўсон нест.

 

Зиндаги ранг-ранг менозад,

Нози точик, валекин осон нест…

Автор: voristj | 08.04.2011

Як газал

Дар дили ман гиря дорад хуни ман,

Суи Лайло меравад, Мачнуни ман.

 

Дар масири дашти андуху бало,

Чашмахо меруяд аз мазмуни ман.

 

Дар тани шамъе, ки месузад маро,

Захмхое монда аз нохуни ман.

 

Эй, ки мепурси нишони хонаам,

Як назар андоз бар хомуни ман.

 

Чомае афсурдаву чисме хароб,

Пок мешуяд маро собуни ман.

Автор: voristj | 25.03.2011

НАВРУЗИ ДИГАР

      Ман дар масири дидор бо Навруз ва тамошои он худро дар пои хоре шикастам. Ба дилам гуфтам, дар пои хор бирез ва онро сабз кун. Садои Худоро шунидам, ки мегуфт: «Иннал инсона лафи хусрин».  Дар ин вожањо ќомати таманнои сабрро  гиристам ва гулвожаи ташаккурро дар гулистони ИШК буидам.

          Дар миёни анбухи мардум танхо будан сангин аст. Аммо ин издихом бо Навруз шоди мекунад. Гамашро, дардашро ба Навруз намегуяд. Дигар чї њам кунад, осмон баланду замин сахт.

       Дар мурдоби дуруг,  риё, макру найранг гаркем. Ишк алайхиссаломро кайхост, ки фаромуш кардаем. ОДАТ моро мекушад. Барк хам надорем. Факат чароги Худо бедарег аз шох то гадо нур мепошад. Ба хама баробар, одилонаю мехрубонона. Читать далее…

Автор: voristj | 16.03.2011

ДИЛ

     Салом!

     Дил бехтарин хамсухбати ман аст. Бори гам, дард, шодиву нишоти маро самимона мепазирад. Ишки ман, мехри ман, садои маро дар худ нихон дорад. Дар хонаи дили ман чевоне пур аз китоб аст. Хамаи онхо аз зиндагии ман кисса мекунанд. Яке китоби ИШК, дигаре китоби ДАРД, савуми китоби ИМОН, чоруми китоби САОДАТ, панљум китоби ГУНОХ, шашум китоби САВОБ… Чилди китоби ИШК сабз аст, ранги китоби ДАРД зард, китоби ИМОН бошад бо ранги сурхи рушан медурахшад, вале чо-чо хатхои шикастаи сиёхранг дорад. Китоби САОДАТ ранги осмони дошта бо догхои зулоли катрахои борон омехта ба назар мерасад. Аз китобхои ГУНОХУ САВОБ чизе намегуям.

      Дар поёни боги дилам даште хаст. Дар миёни дашт санге ва аз канори он чашмае чорист. Он чо гурге хона дорад. Садои зузааш хамеша дар гушхоям акс меандозад. Читать далее…

Автор: voristj | 12.03.2011

Наврузи хуб ё…

(Барои андеша)   

Салом! Навруз меояд. Дунё сабзу муаттар мешавад. Худованд бо рахмати худ табиатро аз нав эхё мекунад. Наврузро фоли нек мегуянд. Нек-хуб, зебо, хайр. Худои мо, ки Худои зебоихост, Худои хубихост, Худои хайру баракат аст моро хамасола бо ин эхёи хуби табиат саршор мекунад. Мо зебоиро , хубиро, хайру баракатро мебинему эхсос мекунем. Худованд моро зотан барои хуб будан, барои зебо будан, дар хайр зистан офаридааст. Агар бадие аз мо сар зад аксуламалашро мебинем. Чаро ки мо бо бади созгор нестем. Вале ачиб он аст, ки Наврузи нек, Наврузи хуб, Наврузи зеборо бо амале мехохем бад кунем ва ачибтар он аст, ки ин бадро мехохем суннати нек чилва дихем. Руи сухан дар бораи бузкашист. Читать далее…

Автор: voristj | 11.03.2011

Бахор

      Дуруд ба азизоне, ки хангоми узлати ин камтарин ба блоги ин чониб сар заданд ва ба холигии он тахаммул карданд. Ба хамаи шумо Наврузро табрик мегуям ва ин огози сабзу муаттарро бароятон бехин хадяи илохи медонам. Бар расми армугон бароятон шеъре овардам бо умеди тавфик ва дуо.

 

Чашма мижгон бардошт

Ба тамошо биншаст.

Оби чу чилваи имон овард.

Вахми сабзе ба намози сахари зохир шуд

Боги мо ранг овард

Боги мо тохир шуд.

 

Руи як ханда диле овардам

Як садо имоне.

Чени як буса вафо мехохам

Ту, агар хохи, бахш.

 

Руи як ханда бахоре дорам

Чени як бог висол

Ва ба саршории як чашма пурам

Ба намози сари сол.

Автор: voristj | 06.07.2010

گرگ

سلام! در وادی گرگان هر روز قربانی می کنند. نه تنها بوز و گسفند و گاومیش و گوزن…، بلکه گران نیز همدیگر را می درند و می خورند. آن جا باشندگان با همدیگر با چشم ترس ، حرص و شهوت می نگرند. ناخون، دندان، چشم و شکم گرگ مثل ناخون، دندان، چشم و شکم آدم است.
گرگ ها هم دوست می دارند، وقتی شکمش سیر و شهوتش به حرکت می آید. وقتی گرسنه باشند ، عشقشان روی دیگر داردو زوزه اشان آهنگ خون را می نوازد، وادی را دهشت فرا می گیرد.
چینی ها سالهارا منصوب خزنده و چرنده و پرنده و درنده کرده اند. اما در این میان گرگ نیست. حکمتش را نمی دانم ولی می گویند «آدم به آدم گرگ است». اگر این مقاله را چپ گردانیم نتیجه » گرگ به گرگ آدم است» می شود.
Читать далее…

« Предыдущие записи

Рубрики

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.